IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 23

Мудирияти хашм аз нишонаҳои аҳли имон

9:29 - June 29, 2023
рақами хабар: 165
Яке аз калидитарин сифоти аҳли имон, ки дар Қуръон ба он ишора шуда, ҷилавгирӣ аз бурузи хашм ва бахшидан ва некӣ кардан ба дигарон аст, ки дар се мартабаи паёпай, дорои иртиботи танготанг ҳастанд.

Хашм аз ҷумла сифоти инсонӣ аст, ки дар мавқеиятҳои мухталифе буруз мекунад ва паёмадҳои номатлуби он доманаи густурдае аз сифоти бади ахлоқиро ба хусус дар ҷавомеи шаҳрӣ ва афзоиши иртибототи инсонӣ падид меоварад. Кинаҷӯӣ, низоъҳои мухталиф, ихтилол дар равобити иҷтимоӣ, душманӣ, аз ҷумлаи ин маворид аст, ки бо коҳиши остонаи таҳаммул намоён мешавад.

Афзоиши тобоварӣ ва интиқоли маҳоратҳои мудирияти хашм мавориде аст, ки дар чунин вазъияте пешниҳод мешавад. Дар омӯзаҳои динӣ низ яке аз вижагиҳои инсонҳои мӯъмин, фурӯ бурдани хашм зикр шудааст, ки бо силсилае аз рафторҳои баъдӣ, осори хашмро аз байн мебарад.

الَّذِينَ يُنفِقُونَ فِي السَّرَّ‌اءِ وَالضَّرَّ‌اءِ وَالْكَاظِمِينَ الْغَيْظَ وَالْعَافِينَ عَنِ النَّاسِ وَاللَّـهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ; “Ва хашми худро фурӯ ме‏баранд; Ва аз хатои мардум мегузаранд, ва Худо некӯкоронро дӯст дорад”. (Оли Имрон, 134)

Дар ин оят бархе аз сифотт парҳезкороне, ки ба думболт мағфиратт илоҳӣ ҳастанд, аз ҷумла мудирияти хашм баён шудааст. Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳе, ки муфассирони ин оят ба он ишора кардаанд, силсила рафторҳое аст, ки мӯҷиби мудирияти муносиби хашм мешавад. Ба думболи маҳкум кардани рибо дар оёти қабл, ин оят аз инфоқ ва афв ва гузашт ва таовун тамҷид мекунад.

Ибтидои ин оят ишора ба “афроде дар тавонгарӣ ва тангдастии инфоқ мекунанд”, муқаддимае барои мудирияти хашм аст, чунонки афроди хайрхоҳ барои ҷомеа, дарки беҳтаре аз заъф ва нотавониҳои дигарон меёбанд ва зудтар мебахшанд.

Ҳамчунин мароҳили сегонае, ки бо мудирияти хашм оғоз мешавад, нишонае барои парҳезгорон зикр шудааст. Нахустин мартаба дар иртибот бо кори нодурусти дигарон, фурӯ хӯрдани хашм аст ва мартабаи дувум бахшиш аст ва мартабаи севум эҳсон аст.

Нақл шудааст, ки хидматкори имоми Саҷҷод(а), фарзанди имом Ҳусайн(а), зарфе аз дасташ афтод ва имомро захмӣ кард ва чун мутаваҷҷеҳи нигоҳи имом шуд, қисмати нахуст аз ояро хонд “والکاظمین الغیظ” имом ҳам фармуд: хашмамро фурӯ хӯрдам ва хидматкор идомаи ояро хонд “والعافین عن الناس” имом ҳам фармуд Худо аз ту бигузарад ва ӯ дар ниҳоят қисмати поёнии оятро хонд “والله یحب المحسنین”. Имом ҳам ба ӯ фармуд: бирав, ки дар роҳи Худо озод ҳастӣ.

Паёмҳои оят дар тафсири Нур

 1- Тақво, аз инфоқ ҷудо нест. أُعِدَّتْ لِلْمُتَّقِينَ الَّذِينَ يُنْفِقُونَ (Сураи Анфол, 36)

 2- Инфоқ, саховат мехоҳад на сарват. فِي السَّرَّاءِ وَ الضَّرَّاءِ

 3- На дар ҳоли рифоҳ аз маҳрумон ғофил бошем ва на дар тангдастӣ бигӯем, ки мо худ гирифторем. فِي السَّرَّاءِ وَ الضَّرَّاءِ

 4- Муттақин маҳкуми ғароиз нестанд, онон ҳоким ва молики хештананд. الْكاظِمِينَ الْغَيْظَ

 5- Тақво, аз сиъаи садр (шакебоӣ) ҷудо нест. وَ الْعافِينَ عَنِ النَّاسِ

 6- Муттақӣ, мунзавӣ нест, балки бо мол ва ахлоқИ хубИ худ, бо мардум муошират мекунад. يُنْفِقُونَ، الْكاظِمِينَ، الْعافِينَ

 7- Дар афви хатокор, имони ӯ шарт нест. وَ الْعافِينَ عَنِ النَّاسِ

 8- Касе ки мехоҳад маҳбуби Худо шавад бояд аз мол бигузарад ва хашм ва ғазабро фурӯ барад. وَ اللَّهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ

 9- Инфоқ ба маҳрумон ва гузашт аз хатои мардум, аз масодиқи эҳсон ва некӯкорӣ аст. يُنْفِقُونَ، الْكاظِمِينَ، الْعافِينَ، الْمُحْسِنِينَ

captcha