IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 34

Худо гурӯҳҳои ифротиро дӯст надорад

17:06 - July 16, 2023
рақами хабар: 225
Теҳрон (ИКНА) дар оёти мутааддиде аз Қуръони Карим, дар бораи таҷовузкорон ва гурӯҳҳое, ки рафторҳои ифротӣ ва хориҷ аз қоида доранд, ҳушдор дода шуда ва яке аз ин оёт чунин аст, ки إِنَّ اللَّهَ لا یُحِبُّ الْمُعْتَدِینَ؛; “Худованд, таҷовузкоронро дӯст намедорад”.

Ҳар ҷомеае мутаносиб бо фарҳанг ва оин ва таърихи худ гурӯҳҳои мухталиферо дар худ ҷой додааст, ки рафторҳои мутафовите аз онҳо буруз мекунад. Яке аз ин рафторҳо дар ҳангоми даргирӣ ва низоъ байни гурӯҳҳои мухталиф аст.

Қазоват дар бораи рафторҳои хушунатбори ин гурӯҳҳо, онки оғозгари низоъ аст ва онки аз худ дифоъ мекунад ва ... Аз лиҳози ахлоқӣ ва динӣ, печидагиҳое дорад. Аммо Қуръон бо сароҳати тамом дар ин бора сухан гуфтааст:

وَقَاتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ الَّذِينَ يُقَاتِلُونَكُمْ وَلَا تَعْتَدُوا إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْمُعْتَدِينَ; “Ва дар роҳи Худо, бо касоне, ки бо шумо ме‏ҷнганд, набард кунед! Ва аз ҳад таҷовуз накунед, ки Худо мутаҷовизонро дӯст наме‏дорад!” (Бақара, 190)

Ин оят аввалин ояте буд, ки дар бораи ҷанг бо душманони Ислом нозил шуд ва пас аз нузули ин оят, Пайғамбари Акрам(с) бо онҳо, ки аз дари пайкор дар омаданд, пайкор кард ва нисбат ба онон, ки пайкор надоштанд, худдорӣ мекард ва ин идома дошт то дастури فَاقْتُلُوا الْمُشْرِکِینَ (Тавба, 5) яъне иҷозаи пайкор бо ҳамаи мушрикон нозил шуд.

Нависандагони тафсири Намуна дар бораи ин оят нукоти хоссеро матраҳ кардаанд. Дар ин оят Қуръон, дастури муқотила ва мубориза бо касоне, ки шамшер ба рӯи мусулмонон мекашанд содир карда, мефрмояд: “Бо касоне, ки бо шумо меҷнаганд дар роҳи Худо пайкор кунед”. Таъбир ба فِی سَبِیلِ اللَّ; “Дар роҳи Худо”, ҳадафи аслии ҷангҳои исломиро равшан мекунад, ки ҷанг дар мантиқи Ислом ҳаргиз бахотири интиқомҷӯӣ, ҷоҳталабӣ ё кишваркушоӣ ё ба дастовардани ғаноим нест. Ҳамин ҳадаф дар тамоми абъоди ҷанг асар мегузорад, камият ва кайфияти ҷанг, навъи силоҳҳо, чигунагии рафтор бо асиронро ба ранги “فِی سَبِیلِ اللَّ” дар меоварад.

Сипас Қуръон тавсия ба риояти адолат, ҳатто дар майдони ҷанг ва дар баробари душманон карда мефрмояд: “Аз ҳад таҷовуз накунед” (وَ لا تَعْتَدُوا). “Чаро, ки Худованд, таҷовузкоронро дӯст намедорад” (إِنَّ اللَّهَ لا یُحِبُّ الْمُعْتَدِینَ).

Ҳангоме, ки ҷанг барои Худо ва дар роҳи Худо бошад, ҳеҷ гуна ифрот ва таҷовузе набояд дар он бошад ва дуруст ба ҳамин далел аст, ки дар ҷангҳои исломӣ - бар хилофи ҷангҳои асри мо - риояти усули ахлоқии фаровоне тавсия шудааст. Мисли афроде, ки силоҳ ба замин бигузоранд, ва касоне, ки тавоноӣ ҷангро аз даст додаанд, ё усулан қудрат бар ҷанг надоранд, ҳамчун маҷрӯҳон, пирамардон, занон ва кӯдакон набояд мавриди тааддӣ қарор бигиранд. Боғистонҳо ва гиёҳон ва зироатҳоро набояд аз байн бибаранд, ва аз маводди саммӣ барои заҳролуд кардани обҳои ошомидании душман (ҷанги химиявӣ ва микруби) набояд истифода кунанд.

Мӯҳсини Қироатӣ дар тафсири Нур, паёмҳое аз ин оят баён карда, ки ҷолиби таваҷҷуҳ аст:

 1- Дифоъ ва муқобила ба мисл, аз ҳуқуқи инсонӣ аст. Агар касе бо мо ҷангид, мо ҳам бо ӯ меҷангем. قاتِلُوا ... الَّذِينَ يُقاتِلُونَكُمْ

 2- Ҳадаф аз ҷанг дар Ислом, гирифтани об ва хок ва ё истеъмор ва интиқом нест, балки ҳадаф, дифоъ аз ҳақ бо ҳазфи ҷараёнҳои фосид ва озодсозии афкор ва наҷоти инсонҳо аз хурофот аст. فِي سَبِيلِ اللَّ

3- Адолат ва ҳақ ҳатто дар ҷанг бояд риоят шавад. قاتِلُوا ... لا تَعْتَدُوا борҳо Қуръон бо ҷумлаи « لاتعتدوا» сифориш карда, ки дар анҷоми ҳар фармоне аз ҳудуд ва марзҳо таҷовуз нашавад.

captcha